Оид ба лоиҳа

Дастрасӣ ба адолат як ҳуқуқи бунёдии инсон аст, ки дар бисёр конвенсияҳо ва ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ, инчунин дар Ҳадафҳои Рушди Устувор 2015-2030 эътироф шудааст. Инро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои миллии стратегӣ ва барномавӣ, аз он ҷумла Барномаҳои ислоҳоти судӣ ва ҳуқуқӣ кафолат медиҳанд. 

 

Ассотсиатсияи “Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен”  Филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар консорсиум бо БРСММ, бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат»-ро амалӣ менамояд. 

 

Ҳадафи асосии лоиҳа такмили платформаи дастрасӣ ба адолат барои шаҳрвандҳои осебпазир, хусусан занон ва оилаҳои онҳо, тавассути таъсис ва бехтар намудани низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгон, инчунин тақвияти  иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи ислоҳот дар волоияти қонун. 

 

Вазифаҳои асосии лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат»: 

     
  • Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии гурӯҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон ва занони деҳот.
  •  
  • Расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон (аз ҷониби давлат) ба гурӯҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон ва занони деҳот.
  •  
  • Беҳтар кардани Дастрасӣ ба адолат тавассути гуфтугӯи ҷамъиятӣ бо Ҳукумати маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки боиси вокунишҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани Дастрасӣ ба адолат мегардад.
  •  
 

Бо мақсади пурзӯр намудани иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокима ва қабули қарорҳо оид ба Дастрасӣ ба адолат, инчунин баланд бардоштани дониш ва малакаи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҲЕЛВЕТАС бо дастгирии Вазорати адлия дар марҳилаи дуюми Лоиҳа (аз соли 2017) методологияи мониторинги иҷтимоӣ ва муколамаи ҷамъиятиро таҳия намуда, раванди мусоидат ба муколамаҳо оид ба волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолатро бо иштироки мақомоти давлатӣ оғоз намуд, ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи маҳаллӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ваҳдат, Деваштич, Восеъ, Ёвон  ва Спитамен.

 

Дар назардошти он, ки яке аз ҳадафҳои муколама баланд бардоштани сифати пешниҳоди ёрии ҳуқуқии ройгон аз ҷониби мақомоти ҳуқуқии давлатӣ дар доираи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон мебошад, маҳалаҳои нави номбаршуда дар ноҳияҳои мазкур интихоб гардиданд. Ин қисмат ба мақомоти маҳаллӣ имкон медиҳад, ҷараёни ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳамоҳангсозӣ намуда, дар чорабиниҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани сатҳи бохабарии шаҳрвандон нисбати масъалаҳои ҳуқуқӣ бевосита иштирок кунанд. 

 

Механизми мониторинги иҷтимоӣ, масъулияти иҷтимоии мақомоти давлатиро таъмин намуда, имкон медиҳад, ки сифати хизматрасониҳои давлатӣ тавассути таҳлил ва муколама бо ҷомеаи шаҳрвандӣ беҳтар карда шаванд. 

 

Ассотсиатсияи “Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен”  Филиал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи марҳилаи сеюм (солҳои 2021-2025) кори худро тавассути ҷорӣ намудани механизми мониторинги иҷтимоӣ дар дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ дар сатҳи ҷамоатҳо ва ҳукуматҳо идома дода аст. 

 


Маблағгузорӣ аз тарафи:

Вазорати Адлия

Маркази омузиш
ва дастгирии ТҒД