Оид ба лоиҳа

Лоиҳаи Ҳукумати Швейтсария «Дастрасӣ ба адолат» ба Филиал Ассотсиатсияи “ҲЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшен дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар консорсиум бо БРСММ амалӣ карда мешавад. Ҳадафи асосии Лоиҳа беҳтар намудани Дастрасӣи гурӯҳҳои осебпазир ба адолати судӣ тавассути баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти зарфияти ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи ислоҳоти волоияти қонун мебошад.

Вазифаҳои асосии лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат»:

  • Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии гурӯҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон ва занонидеҳот.
  • Расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ (аз ҷониби давлат) ба гурӯҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон ва занонидеҳот.
  • Беҳтар кардани Дастрасӣ ба адолат тавассути гуфтугӯи ҷамъиятӣ бо ҳукумати маҳаллӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор, ки боиси вокунишҳои мушаххас оид ба беҳтар намудани Дастрасӣ ба адолат мегардад.

Дар моҳи декабри соли 2016, ҲЕЛВЕТАС татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат»-ро оғоз намуд.

Бо мақсади тақвият кардани иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои марбут ба Дастрасӣ ба адолат, инчунин баланд бардоштани дониш ва малакаи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҲЕЛВЕТАС бо дастгирии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди мусоидат ба мониторинги иҷтимоӣ ва гузаронидани мониторинги ҷамъиятиро дар соли 2017 оғоз намуд. Муколама бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи маҳаллӣ дар масъалаи волоияти қонун ва Дастрасӣ ба адолати судӣ дар ноҳияҳои Б. Ғафуров (ҷамоатҳо Ҳ.Усмонов ва Ёва) ва Ваҳдат (ҷамоатҳои Симиганҷ ва Ҷуянгарон), Деваштич (ҷамоатҳои Шаҳрак ва Яхтан) гузаронида шуд.

Солҳои 2018-2019 кор дар манотиқи зикргардида тавассути ҷорӣ намудани механизми мониторинг оид ба тавсияҳои ҳангоми муколама пешниҳодшуда, идома ёфт ва ҳамзамон ҲЕЛВЕТАС чунин равандро дар ноҳияҳои Восеъ (ҷамоатҳои Авазов ва Шаҳрак), Ёвон (ҷамоатҳои Шаҳрак ва Дахан) ва Спитамен (ҷамоатҳои Навкат ва Т. Улҷабоев) шурӯъ намуд. Дар назардошти он, ки яке аз ҳадафҳои муколама баланд бардоштани сифати пешниҳоди кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти ҳуқуқии давлатӣ дар доираи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон мебошад, маҳалаҳои нави номбаршуда дар ноҳияҳоимазкур интихоб гардиданд. . Ин қисмат ба мақомоти маҳаллӣ имкон медиҳад, ҷараёни ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро ҳамоҳангсозӣ намуда, дарчорабиниҳои иттилоотӣ барои баланд бардоштани сатҳи бохабарии шаҳрвандон нисбати масъалаҳои ҳуқуқӣбевосита иштирок кунанд.

Айни замон, Лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат» ин қисматро дар ҷамоатҳои вилоятҳои Суғд ва Хатлон татбиқ менамояд. Дар соли 2020 Лоиҳа бо назардошти манфиати тарафхои ҳавасманд ва самаранокии кори лоиҳа доираи фаъолияташро ба 12 ҷамоати дигар дар ду минтақа (ду ҷамоати иловагӣ дар ҳар як минтақа) густариш дод.


Маблағгузорӣ аз тарафи:

Вазорати Адлия

Маркази омузиш
ва дастгирии ТҒД