Муколамаи ҷамъиятӣ чист?

  • Муколама байни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандон дар заминаи иттилооти ҷамъоваришуда
  • Муколамаи ҷамъиятӣ муҳокимаи иҷтимоии дорои сохтори динамикӣ буда, ба рушди шаклҳои нави рафтор ва бархӯрдҳои нав барои пешрафти тадриҷӣ ва гузариш аз вазъи ҷорӣ ба вазъи нав нигаронида шудааст.
  • Муколамаи ҷамъиятӣ байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар сатҳи маҳаллӣ дар доираи Лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат” платформае мебошад, ки дар заминаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва методӣ оид ба таълими ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳукуматҳои ноҳия таъсис дода шудааст ва муҳокимаи масъалаҳои муҳими дар раванди мониторинги иҷтимоӣ бо иштироки мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ошкоршуда пешбинӣ шудааст.
  • Муколамаи ҷамъиятӣ дар доираи Лоиҳаи «Дастрасӣ ба адолат” ҳамкориҳои байни ҷомеа ва мақомоти давлатиро ҷиҳати таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи волоияти қонун ва масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеа дар соҳаи дастрасӣ ба адолат дар сатҳи маҳаллӣ таъмин менамояд. Татбиқи усул ба принсипҳои ҳисоботдиҳӣ, фарогирии иҷтимоӣ, иштирок ва шаффофият дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд асос ёфтааст.
  • Фаъолияти муколамаи ҷамъиятӣ нисбати давлат, шахсони ваколатдор ҳеҷ гуна талаботи мушаххас пешбинӣ намекунад. Он мубодилаи озоди ақидаҳо оид ба масъалаҳои мураккаб ва/ё баҳсталаб, ҷустуҷӯи вазъияте мебошад, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, ки дар ташаккул додани амалияи иҷтимоӣ, инчунин дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар фаъолонатар ширкат варзанд.
  • Шаҳрвандони фаъол аз ҷамоатҳо ва маҳаллаҳо метавонанд иштирокчиёни муколамаи ҷамъиятӣ бошанд.
  • Муколамаи ҷамъиятӣ на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида мешавад.


Маблағгузорӣ аз тарафи:

Вазорати Адлия

Маркази омузиш
ва дастгирии ТҒД