Мониторинги иҷтимоӣ чист?

Мониторинги иҷтимоӣ як усули нави илмӣ мебошад, ки ҳадафи он ба даст овардан ва коркарди маълумоти муосир дар бораи низом ва тамоюлҳои рушди он, ки тавассути истифодаи "нишондиҳандаҳои мониторинг" (рӯйдодҳо, параметрҳо, омилҳо), ки тибқи меъёрҳои маҷмуият, пуррагии инъикоси вазъи натиҷавии таъсири мутақобилаи сабабҳои асосӣ дар муносибатҳои миқдорӣ ва сифатии онҳо ба даст меояд.

Созмон додани мониторинги иҷтимоӣ ва таъмин намудани татбиқи самараноки он омӯзиши ҳамаҷонибаи хусусиятҳои сохториву функсионалии соҳаи иҷтимоӣ, сохтани модели консептуалии иттилоотонӣ ва технологизатсияи идоракунии онро бо назардошти тағйироти гуногунҷабҳае, ки ба низоми ташаккулёфтаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар минтақаи (шаҳр\деҳа) таҳти ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоии дар ҷомеа амалишаванда ворид мешаванд, талаб менамояд. Маҳз мониторинги иҷтимоӣ идоракунии самараноки равандҳо ва рӯйдодҳои иҷтимоиро таъмин менамояд. Мониторинги иҷтимоӣ аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд натанҳо арзёбии мустақилонаи дастрасӣ ва сифати кумаки ройгони ҳуқуқиро ба назар гирад. Иттилоот ва далелҳое, ки аз мониторинги иҷтимоӣ ба даст омадаанд, ба муколамаи сиёсӣ дар сатҳҳои мухталиф ворид карда мешавад, то ки масъалаҳои иҷтимоӣ ва ҳуқуқии марбут ба ҳолатҳои мушаххас ва машваратҳои КРҲ аз ҷониби қабулкунандагони қарорҳо ва таҳиягарони сиёсат дар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳал карда шаванд.


Маблағгузорӣ аз тарафи:

Вазорати Адлия

Маркази омузиш
ва дастгирии ТҒД